Дар Кувайт ҷашнҳои давлатӣ ва муҳими Тоҷикистон таҷлил карда шуданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ вазири молия ва вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ, инчунин муовинони вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба Осиё ва ташрифот, намояндагони девони амирӣ, аъзои оилаи амирӣ, зиёда аз 110 сафиру роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими ин давлат, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, тоҷикони муқими Кувайт, донишҷӯён ва доираи васеи хабарнигорон иштирок доштанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода моҳият ва мақсади ҷашнгирии санаҳои мазкурро шарҳ дода, ҳамватанонро ба ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон даъват намуд.


Дар назди хабарнигорону намояндагони ВАО муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт оид ба Осиё Самиҳ Ҷавҳар Ҳаёт аз номи Ҳукумат ва мардуми Кувайт ҳозиринро бо ин ҷашнҳои миллӣ табрик намуд.
Чорабиноро гулчини садою мусиқии Шашмақом ва Фалак дар иҷрои ҳунармандони ансамбли созҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ки маҳсули кори тарроҳони тоҷик мебошад, шукӯҳи хосса бахшид. Ҳамчунин ба меҳмонон наворҳои кӯтоҳ оид ба дастовардҳои миллӣ ва наворҳои сайёҳӣ намоиш дода шуд.



АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт








Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд






