ДАР МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ТОҶИКИСТОН БАРФ БОРИД. Ронандагон низоми суръат ва масофаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд!
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имсол дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон бори аввал 28 октябр барф борид. Дар як қатор ноҳияҳо қабати барф ба якчанд сантиметр мерасад. Ҳамаи муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мамлакат вазифадор гардидаанд, ки бояд то 1 ноябр пурра ба фасли зимистон омода бошанд. Обуҳавошиносон аз идомаи ҳавои ноустувор дар мамлакат ҳушдор медиҳанд. Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагон ва мусофирон ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳии мамлакат якчанд тавсия медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, 28 октябр дар баъзе қитъаҳои шоҳроҳи «Душанбе – Чанак» барф борид. Тибқи пешгӯиҳои обуҳавошиносон, дар даҳаи аввали моҳи ноябр ҳарорати ҳаво паст мешавад ва тайи чанд шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хавфи омадани сел боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи бисёре аз ронандагон дар тирамоҳ ҳамеша барфи хеле лағжонанда меборад, ки дар фасли зимистон ба он дучор намеоед. Ин махсусан дар роҳҳои байнишаҳрӣ, ки шиддати ҷиддии ҳаракати нақлиёт вуҷуд надорад, ба назар мерасад. Ҳатто як қабати тунуки барф барои аз даст додани идоракунии мошин кифоя аст. Ва ин ҳамеша ногаҳон рӯй медиҳад. Дар аввал чунин ба назар мерасад, ки роҳи мумфарш ҳанӯз ҳам мошинро хуб нигоҳ медорад, аммо пас аз чанд дақиқа ҳангоми зер кардани педали тормоз мебинед, ки ҳаракати мошин суст намешавад.
Сабаби ин шароити махсуси иқлимӣ аст, ки дар миёнаи тирамоҳ ба вуҷуд меояд. Рӯзҳои гарм ҷои худро ба ҳавои сард медиҳанд, аммо замин ҳанӯз гарм аст, аз ин рӯ барои яхбандӣ ҳолати махсус ба вуҷуд меояд. Бинобар ин барфи аввал ҳамеша ба садамаҳои азим дар роҳҳо оварда мерасонад.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки низоми суръат ва масофаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд. Хусусан ҳангоми гузаштан аз пиёдагардҳо, чорроҳаҳо, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои берун аз шаҳр бояд бодиққат ва эҳтиёткор бошанд. Мошинҳо дар канору шафати роҳҳо бояд тавре гузошта шаванд, ки ба кори техникаи коммуналӣ халал нарасонанд.
Ёдовар мешавем, ки Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим қаблан дастур дод, ки омодагии роҳҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ба фасли зимистон пурра таъмин карда шавад. Инчунин ҳолати роҳҳо, пулҳо, омодагии техника ва таҷҳизоти махсусро санҷидан лозим аст.
«Бояд маводи зиддилағзиш, дизел, ангишт, ҳезум ва либоси зимистона ба миқдори зарурӣ захира карда шавад», — илова намуд вазир.
Бо ин мақсад, Гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуд, ки ба он муовинони вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои зертобеи вазорат шомил шудаанд. Гурӯҳи мазкур ҳамчунин ҷараёни сохтмон ва таъмири роҳҳоро аз назар мегузаронад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






