Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми шарафманди Тоҷикистон аз сарфаи беҳуда, маъракаю маросими пурдабдаба ва пешгирии зиёдаравӣ канораҷӯӣ намуда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳайё намудани зиндагии шоиста саҳм мегузорад.
Намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бобати ин масъала маъруза пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи амалишавии ин қонун дар муддати кӯтоҳ кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва зоҳирпарастӣ аз байн бурда шуда, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд.
Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.
Таҷрибаи амали ҳабдаҳсолаи қонун нишон дод, ки дар ҷомеа сатҳи фарҳанг ва маърифатнокии мардум нисбат ба расму оинҳо баланд гардида, мардуми мамлакат хурофотро аз маросими воқеан муҳимми милливу динӣ фарқ намуд. Дар ин раванд баробарӣ байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа барқарор гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






