Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 258 нафар соҳибкасб гардиданд

Ноябрь 10, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 258 нафар аз рӯйи касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, барқчӣ, шероздӯзӣ, кафшергари барқӣ, қолинбофӣ ва қуроқдузӣ  соҳибкасб гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Самандар Мисайнов иттилоъ дод.

Дар нуҳ моҳи соли равон 165 шаҳрванд бобати  гирифтани кумакпулӣ барои бекорӣ муроҷиат намуданд.

Ҳамзамон 258 нафар барои касбомӯзӣ муроҷиат намуданд, ки аз рӯйи касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, барқчӣ, шероздӯзӣ, кафшергари барқӣ, қолинбофӣ ва қуроқдузӣ ҷалб гардида, соҳибкасб гардиданд.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар ин давра бо ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ 10 ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронид. Дар ин ярмаркаҳо 188 нафар иштирок намуданд.

«251 шаҳрванди дигари ноҳия барои гирифтани кумакпулӣ, омӯзиши касбҳои коргарӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва бо ҷойи кор таъмин намудан ба тариқи шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки муроҷиати онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ ва қонеъ гардонида шуд»,-гуфт Самандар Мисайнов

Ҳамчунин ба 24 шаҳрванди бекори ноҳия қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки онҳо бештар ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ 233 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид.

АКС: АМИТ  «Ховар»/бойгонӣ

Ноябрь 10, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд