Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 258 нафар соҳибкасб гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2024. /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 258 нафар аз рӯйи касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, барқчӣ, шероздӯзӣ, кафшергари барқӣ, қолинбофӣ ва қуроқдузӣ соҳибкасб гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Самандар Мисайнов иттилоъ дод.
Дар нуҳ моҳи соли равон 165 шаҳрванд бобати гирифтани кумакпулӣ барои бекорӣ муроҷиат намуданд.
Ҳамзамон 258 нафар барои касбомӯзӣ муроҷиат намуданд, ки аз рӯйи касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, барқчӣ, шероздӯзӣ, кафшергари барқӣ, қолинбофӣ ва қуроқдузӣ ҷалб гардида, соҳибкасб гардиданд.
Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар ин давра бо ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ 10 ярмаркаи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронид. Дар ин ярмаркаҳо 188 нафар иштирок намуданд.
«251 шаҳрванди дигари ноҳия барои гирифтани кумакпулӣ, омӯзиши касбҳои коргарӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва бо ҷойи кор таъмин намудан ба тариқи шифоҳӣ муроҷиат кардаанд, ки муроҷиати онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ ва қонеъ гардонида шуд»,-гуфт Самандар Мисайнов
Ҳамчунин ба 24 шаҳрванди бекори ноҳия қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки онҳо бештар ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва хизматрасонӣ машғул мебошанд.
Дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ 233 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






