Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад

Ноябрь 23, 2024 10:32

ДУШАНБЕ, 23.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Ёддошти тафоҳум оид ба сохтмони боз як неругоҳи барқи офтобӣ дар маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқтидори 400 кВт ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Ёддошти тафоҳум 21 ноябр дар шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи «Энергетикаи Осиёи Марказӣ» ба имзо расонида шуд.

Ҳадаф аз имзои созишнома беҳтар намудани таъминоти сокинони маркази ноҳияи Мурғоб ва деҳаи Кӯҳнакӯрғон бо қувваи барқ арзёбӣ мегардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2024 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад