Дар Рашт ва Нуробод бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомадҳои тантанавӣ доир шуданд
РАШТ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик дар ноҳияҳои Рашту Нуробод ҷамъомадҳои тантанавӣ доир гардиданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо иттилоъ доданд.
Зимни ин ҷамъомадҳо иброз гардид, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсис роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ ва иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон ба зиммааш гузошта шуда буд, сарбаландона баромад. Кормандони ин ниҳод тамоми қувва, неруи зеҳнӣ ва касбиро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии сокинони мамлакат ба харҷ дода, дар таҳкими амнияти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда мегузоранд.
Милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитро дар мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зинаҳои мақомот кормандони босалоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.
Милитсияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ масъулияти басе ҳассосу душвор- ҳифзи молу мулк, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таъмини суботу осоиштагӣ ва мубориза бо ҷинояткориро ба уҳда дошт ва то имрӯз онро софдилона иҷро менамояд. Диловарию садоқати кормандони милитсия буд, ки ин ниҳод аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, дар барқарории сулҳу субот, осоиштагӣ ва фароҳам овардани шароиту муҳити орому осуда барои кору зиндагӣ ва ободонию созандагӣ нақши назаррас гузоштааст.
Дар ин чорабиниҳо ба як зумра собиқадорон, кормандони фаъоли шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳияҳо ва оилаҳое, ки саробон ё фарзандонашон ҳангоми барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин ноҳияҳо «Ифтихорнома», «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






