Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд

Ноябрь 22, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 ноябр дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин корхона хабар доданд.

Иброз гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд. Он дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши калон дошта, ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

«Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами давлатӣ саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ ва забону фарҳангро ҳимоя намудаанд. Имрӯз низ вазифаи мо, шаҳрвандон он аст, ки рамзҳои муқаддаси Ватанро ҳифз намоем»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.

Парчами давлатӣ тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ ва  кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватан фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»  «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тибқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Ноябрь 22, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд