Дар Санкт-Петербург Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид

Ноябрь 29, 2024 11:06

ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми ҷавонони созмонҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид, ки дар он ҷавонони Тоҷикистон низ иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш 60 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон Озарбойҷон, Арманистон, Русия ва Беларус иштирок доранд. Аз ҷумла, дар он роҳбарон ва фаъолони созмонҳои волонтёрӣ, мутахассисони созмонҳои ҷавонон ва волонтёрон иштирок доранд.

Форум яке аз лоиҳаҳои барҷастаи Шурои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, давоми нуҳ сол ҳамчун минбари ҳамкории созмонҳои ҷавонон маъруфияти зиёд пайдо кардааст.

Форум ба рушди ҳамкорӣ дар оянда, мубодилаи афкор ва таҷрибаи ҷавонони фаъол, инчунин ёфтани роҳҳои ҳалли масъалаҳои калидии сиёсати ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ин давлатҳо равона шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад. Чунин форумҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигар, идеяҳо ва лоиҳаҳои навро, ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон равона гардидаанд, бо ҳам мубодила намоянд.

Ёдовар мешавем, ки форум 29 ноябр ба охир мерасад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2024 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе