Дар Суғд Рӯзи кормандони милитсияро таҷлил намуданд

Ноябрь 8, 2024 13:12

ДУШАНБЕ, 08.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки дар ҳама давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст.

Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти милитсия аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз якҷо бо сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ кардани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат менамоянд.

Мақомоти корҳои дохилӣ давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи шараф, таъмини зиндагии ороми сокинони мамлакат ва обрӯи халқу давлат дар сафи пеши мубориза қарор доранд. Дар ин роҳ садҳо нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷонашонро қурбон кардаанд ва мардуми Тоҷикистон хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорад.

Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезу тунд шудани вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар мамлакат ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳама арзишҳо волотар дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони давлат ва зиндагии орому осудаи мардум талоши зиёд ба харҷ доданд.

Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

«Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳама сохторҳои он барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро гардидани супоришҳои хизматӣ бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад»,-иброз шуд дар ҳамоиш.

Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи кормандони милитсия нишони таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар кормандро водор месозад, ки барои таъмини иҷрои вазифаи хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намуда, ба халқу Ватан софдилона хизмат намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Ноябрь 8, 2024 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд