Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Ноябрь 4, 2026 09:18

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) таҳти унвони «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаи ҳуқуқ ва дин иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини озодии виҷдон ва эътиқод, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин нақши қонунгузорӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирии диниро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мудири шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайаъзам Қодирзода оид ба аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод изҳори андеша намуд.

Иброз гардид, ки риояи меъёрҳои конститутсионӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин муносибати бомасъулият ба масъалаҳои динӣ дар таҳкими суботу оромии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Конститутсия баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон намуда, кафолати ҳуқуқу озодиҳоро ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва моликият ба дӯши давлат вогузор намудааст. Маҳз аз ҳамин хотир қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб мешавад.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода иброз намуд, ки ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқод яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон буда, дар низоми ҳуқуқии мамлакат ҷойгоҳи муҳим дорад. Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар кас озодии интихоби муносибат ба дин, пайравӣ ба эътиқоди динӣ ё надоштани эътиқоди диниро кафолат медиҳад.

Гуфта шуд, ки озодии виҷдон ва эътиқод танҳо ба интихоби дин маҳдуд намегардад, балки имконияти доштани ҷаҳонбинӣ, изҳори ақида ва риояи эътиқоди шахсиро низ дар доираи талаботи қонунгузорӣ фаро мегирад. Ин ҳуқуқ бояд бо риояи ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва манфиатҳои қонунии ҷомеа амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин дар конференсия масъалаи робитаи озодии эътиқод бо принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ, инчунин зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки озодии виҷдон ва эътиқод аз ҷумлаи ҳуқуқҳои муҳимми шахсии инсон ба шумор мераванд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳуқуқро эътироф намуда, барои интихоби мустақилонаи муносибати шахс ба дин заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ маънои онро дорад, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ, қабули қонунҳо ва татбиқи сиёсати давлатӣ бояд ба эҳтироми шаъну шарафи инсон, таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон равона карда шавад. Дар ин замина Конститутсия барои пешгирии поймолшавии ҳуқуқи инсон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Дар фарҷом зарурати идомаи корҳои илмию таҳқиқотӣ, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва динӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон дар самти риояи меъёрҳои қонунгузорӣ таъкид гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 4, 2026 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд