Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 3, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он  мавзуи «Муҳоҷирати меҳнатӣ: дастгирии иҷтимоии оилаҳо ва механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд.

Дар ҷаласа паҳлуҳои гуногуни муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима шуда,  иброз гардид, ки имрӯзҳо таъсиси низоми ягонаи рақамии дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ яке аз самтҳои ояндадори ҳифзи ҳуқуқи онҳо ба шумор меравад. Чунин низом метавонад санҷиши иҷозатномаҳои миёнаравҳо, маълумот дар бораи корфармоён, нусхаҳои электронии шартномаҳои меҳнатӣ, маълумот оид ба шароити меҳнат, рӯйхати мақомоти салоҳиятдор ва воситаҳои пешниҳоди муроҷиатҳоро дар бар гирад.

Пеш аз сафар бояд ба корманд имконият фароҳам оварда шавад, ки бо шартҳои асосии шуғли оянда бо забони барои ӯ фаҳмо шинос шавад, маълумотро дар бораи корфармо санҷад ва нусхаи электронии шартномаи баимзорасонидаро ҳифз намояд. Минбаъд платформаи рақамӣ метавонад дастрасӣ ба маълумотро оид ба тартиби пардохти музди меҳнат, суғуртаи тиббӣ, талаботи қонунгузории муҳоҷират ва воситаҳои дастраси ҳифзи ҳуқуқ таъмин намояд.

Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои муҳимтарини такмили ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъмини дастрасии онҳо ба кумаки ҳуқуқӣ, новобаста аз давлате, ки дар он фаъолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд, мебошад. Мавҷудияти муқаррароти дахлдори ҳуқуқӣ барои такмили минбаъдаи механизмҳои пешакӣ огоҳ намудани кормандон, назорати фаъолияти миёнаравҳо ва ҳамкорӣ бо давлатҳои шуғл замина фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, самаранокии амалии чунин чораҳо аз таъминоти ташкилии онҳо, дастрасии машваратҳо ва мавҷудияти расмиёти вокуниши фаврӣ ба ҳуқуқвайронкуниҳо вобаста мебошад.

Дар робита ба ин пешниҳод намудани самтҳои зерини такмили сиёсати миллӣ мувофиқи мақсад аст:

Якум, таҳияи платформаи рақамии дастгирӣ ва ҳамроҳии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дастрасиро ба маълумоти санҷидашуда барои бо кор таъминкунӣ, корфармоён, миёнаравҳо ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ таъмин менамояд.

Дуюм, васеъ намудани имконияти омодасозии пешакии ҳуқуқии шаҳрвандон то сафар.

Сеюм, такмили ҳамкории мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои дахлдори давлатҳои шуғл.

Чорум, рушди низоми мониторинги фаъолияти миёнаравҳо, аз ҷумла санҷиши риояи талаботи иҷозатномадиҳӣ, таҳлили шикоятҳои воридшуда ва огоҳ намудани аҳолӣ дар бораи хавфҳои ошкоршуда.

Панҷум, пешбинӣ намудани рушди механизмҳои расонидани кумаки ҳуқуқии фосилавӣ ба шаҳрвандоне, ки аллакай дар хориҷи ҷумҳурӣ қарор доранд ё ба ватан баргаштаанд.

Шашум, такмили ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ғайришахсӣ дар бораи ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ.

Татбиқи ин пешниҳодҳо бояд бо назардошти имконияти молиявӣ ва институтсионалии давлат, талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ва уҳдадориҳое, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, амалӣ карда шавад.

Зимни ҷаласа маърузачиён иброз намуданд, ки ояндаи наздик муоинаи тиббӣ, пешниҳоди маълумотнома ва супоридани имтиҳони сертификати забондонии шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, дар муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои забономӯзии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки маблағи зиёдеро сарфа намоянд ва дастгирии хуб барои онҳо хоҳад буд.

АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 3, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад