«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — кафили адолати судӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конференсия масъалаҳои марбут ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди низоми адолати судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебониссо Абдуллозода иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи асосии ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд, таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилот ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши фаъолияти соҳибкорӣ нақши мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқи моликият, баррасии одилонаи баҳсҳои иқтисодӣ ва таъмини риояи қонунгузорӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар судя вазифадор аст зимни баррасии парвандаҳо ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда такя намуда, мустақилият, беғаразӣ ва адолатро таъмин намояд.
Иброз гардид, ки тибқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд. Ин меъёри конститутсионӣ асоси фаъолияти тамоми мақомоти судӣ, аз ҷумла Суди Олии иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Иштирокдорони конференсия доир ба аҳамияти Конститутсия дар таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ ва такмили қонунгузории соҳа андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти касбии судяҳо, риояи одоби судӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти судӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми адолати судӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ба таҳлили амиқи меъёрҳои конститутсионӣ, табодули таҷрибаи касбӣ ва муайян намудани роҳҳои такмили фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми конференсия иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳкими минбаъдаи волоияти қонун ва риояи бемайлони меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






