Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон аз 25 то 27 ноябр Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Рӯзҳои синамои Беларус 25 ноябр, соати 17:00 дар кинотеатри «Наврӯз» оғоз мегарданд. Дар ин рӯз филми ҳунарии «Қалъаи сиёҳ» намоиш дода мешавад.
Ҳамчунин 26 ноябр, соати 10:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми мустанади «Орзуи қаҳрамон» ва соати 17:00 филми тасвирии «Суруди Сирен» намоиш дода мешавад.
Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз», Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои «Устод ва шогирд» гузаронида мешаванд.
Имсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки 7 ноябр дар кинотеатри «Победа»-и Ҷумҳурии Беларус, дар доираи Синамоҷоизаи 30-юми байналмилалии «Лістапад» Рӯзи синамои Тоҷикистон бо намоиши филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Музаффар бо номи «ДОВ» баргузор гардид.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






