Дар Туркманистон масъалаи бешаҳрвандӣ ва бақайдгирии таваллуди кӯдак дар давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд

Ноябрь 12, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 12.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон масъалаҳои марбут ба бешаҳрвандӣ, бақайдгирии таваллуди кӯдакон дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва мубодилаи таҷриба дар ҳалли мушкилоти бешаҳрвандӣ зимни конференсияи вазоратии Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Маҳви бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Конференсия бо ташаббуси Раёсати Комиссарии Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон доир шуда, дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон сухан гуфтанд.

Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ин конференсия оид ба иқдоми давлату ҳукумати мамлакат дар самти кам кардани бешаҳрвандӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ибрози назар намуданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 12, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд