Дар Урумчӣ вохӯрии ҳамоҳангсози системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идораи ҳаракати ҳавоии Тоҷикистон ва Чин доир шуд

Ноябрь 4, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии 5-уми ҳамоҳангсози системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ (CNS/ATM)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ва намояндагони воломақоми Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд, ки ҳадафи вохӯрӣ таҳкими робита ва ҳамкории дуҷониба дар соҳаи системаҳои алоқа, навигатсия ва назорат барои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва мусоидат ба ҳамоҳангсозии амалиёти ҳаррӯзаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, дастгирии техникӣ, идоракунии ҷараёни ҳаракати ҳавоӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонии метеорологии авиатсионӣ байни ду корхонаи таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ бо назардошти дастовардҳо ва натиҷаҳои қаблӣ мебошад.

«Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Чин пайваста рушд ёфта, хусусияти шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ пайдо намуд. Чин яке аз бузургтарин сармоягузорон ва шарикони тиҷоратии Тоҷикистон буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпинро дар бораи эҳёи фазои иқтисодии Роҳи бузурги абрешим ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд»,- таъкид намуд бо ёдоварӣ аз ҳамкории пурсамар, рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба, инчунин ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Лоиқ Бегиҷонзода.

Дар муаррифии дастовардҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ директори генералии Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Синзяни Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори умед намуд, ки ҳамкории минбаъда бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ба пешниҳоди хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва радиотехникии парвозҳои Чин ва Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ тавассути долони нави ҳавоии «POMIR-AGVUT» баррасӣ гардиданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

 

Ноябрь 4, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд