Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик (10 ноябр) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки аз рӯзи таъсиси милитсияи тоҷик кормандони ин ниҳод дар сафи пеши мубориза барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон истода, кори ин ниҳоди муҳими давлатдориро садоқатмандона идома медиҳанд.
Таърих гувоҳ аст, ки кормандони милитсияи тоҷик дар ҳама муборизаҳо, алалхусус дар раванди барпо намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини сулҳ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
«Бо соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаҳои навину дурахшон оғоз гардиданд, ки дар он мардонагиву далерӣ, шуҷоатмандӣ, ҷонбозиву корнамоиҳо ва садоқат ба касбу савганди кормандони ин ниҳоди қудратӣ сабт гардидааст»,-иброз шуд дар ҳамоиш.
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти милитсияи вилоят, аз ҷумла Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон бо тамоми лавозимоти хизматӣ- бинову иншооти замонавӣ, мошинҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ таъмин гардиданд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба собиқадорон ва кормандони фаъоли корҳои дохилӣ дар вилоят Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






