Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мавқеашро беҳтар намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар раддабандии нави тимҳои миллӣ, ки 28 ноябр дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) нашр шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон як зина боло шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳоло дар раддабандии ФИФА дар зинаи 104 қарор дорад. Дастаи мо 1203,08 хол дорад, ки назар ба нашри қаблӣ 6,1 хол зиёд аст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом дода, дар он бар тимҳои миллии Непал (4:0) ва Афғонистон (3:1) пирӯзӣ ба даст овард.
Байни дастаҳои Осиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тимҳои миллии Қирғизистон (ҷойи 107-уми ҷаҳон), Лубнон (112), Кореяи Шимолӣ (114), Ветнам (117), Индонезия (125), Ҳиндустон (127) ва дигарон пештар буда, зинаи 17-ро ишғол мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






