«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент

Ноябрь 15, 2024 14:28

ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз соли 2016   16 ноябр ҳар сол ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни мубораку таърихӣ он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 16 ноябри соли 1994 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуданд.

Дар ҳамин сол дар нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки ватанамон, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ бисёр муҳим ва интихоби огоҳ буда, маҳсули сабақҳои таърихӣ, натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ менамоянд, ки Президент пеш аз шуруи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба Ватан, Президент ва миллат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва воқеияти ҳаёти ҳуқуқии Тоҷикистон соли 2016 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» -ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаи ба рӯзҳои ид илова намудани таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 16 ноябр пешбинӣ шуда буд. Ҳамин тариқ, ин лоиҳа 14 марти соли 2016 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аъзои Маҷлиси миллӣ онро 15 апрели соли 2016 ҷонибдорӣ намуданд.

Гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф, сохтмону меъморӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо гардид.

Бо дили пур метавон гуфт, ки мо, тоҷикон миллати бисёр хушбахт ҳастем, ки таърих чунин Сарвареро ба мо ато кардааст. Пешвои маҳбуби миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ҳар лаҳзаи умри пурбаракати худро барои бунёдкорӣ, созандагӣ, хушбахтии халқу миллат ва ояндаи дурахшони Ватан сарф менамоянд.

Фаъолияти пурсамар ва бисёрҷабҳаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Роҳбари давлат, ки ба мушкилтарину ҳассостарин марҳилаи таърихи тоҷикон –бунёд ва таҳкими аркони давлати соҳибистиқлол ва таҳкими сулҳу субот рост омад, ҳамчун достони мардонагию қаҳрамониву ҷасорат, бунёдкорию созандагӣ ва навҷӯию навовариҳо дар саҳифаҳои таърихи миллати фарҳангию куҳанбунёдамон бо ҳарфҳои заррин абадӣ нақш бастааст.

Устод Бозор Собир барҳақ фармудааст:

Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди содиқи ватан, шахсияти нотакрор, марди оқилу фозилу хирадмандеянд, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид намуданд ва  дар дили халқ шуълаи умеду бовариро ба ояндаи неку дурахшони Ватан бедор карданд.

Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудаанд, ки мояи ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Ташаббусҳои бузурги Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об, аз ҷумла эълон кардани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015, соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ғайра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуда, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Бо назардошти далелҳои баёнгардида бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро месазад ҳамасола боз ҳам бошукуҳтар ва чун иди умумиллӣ таҷлил намоем, чунки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷаста, фарзанди содиқу ҷонфидо ва фарзонаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои ниҳоят бузург намудаанд.

Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги Сарвари давлатамон ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо ва рамзи муттаҳидии мардум дар атрофии Пешвои миллат аст.

Сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми неру, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.

Эй Ватан, бо Пешвоят зинда бош!
Бо чунин бахту бақоят зинда бош!

 Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва пешниҳод намуд
41 комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил гардид
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ якчанд лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҷаласаи Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд