ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Непал бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 13.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе бозии дӯстона байни дастаҳои миллии Тоҷикистон ва Непал баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозӣ соати 18:00 оғоз мегардад. Бозиро ҳайати доварон аз Русия таҳти роҳбарии довари ФИФА Евгений Кукуляк ҳакамӣ мекунад.
Қаблан дар сатҳи тимҳои миллӣ Тоҷикистон ва Непал се бор бо ҳам вохӯрда, дастаи мо дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






