Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд

Ноябрь 16, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 15 ноябр бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсади асосии ташкили хатсайрҳо сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар замири сокинони пойтахт тарбия намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузории хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.

Хатсайрҳо бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд.

Дар доираи хатсайрҳо иштирокчиён бо Осорхонаи даврони мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуда, филмҳои мустанади «Эмомалӣ Раҳмон — Асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Марде аз сарнавишт» ва «Душанбе  — нигини миллати тоҷик»-ро дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» тамошо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи таҷлили Рӯзи Президент эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навин, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Суратгузориш аз ҷараёни шиносоии кормандони касбу кори гуногун бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Пешвои миллат пешниҳод мегардад.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 16, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад