ҲИФЗИ НАЗМУ ТАРТИБОТ ВА СУБОТУ ОРОМӢ. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст

Ноябрь 10, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мешавад. 

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллату давлат саҳифаи навину дурахшоне оғоз гардид, ки дар он солномаи мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандӯстӣ, ҷонбозиву корнамоиҳо ва садоқат ба касбу савганди кормандони милитсия бо хати заррин сабт гардидааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 октябри соли равон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе иброз доштанд, ки «ифтитоҳи ин иншоот, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Рӯзи милитсияи тоҷик доир мешавад, нишонаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо мебошад. Зеро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал, мақомоти корҳои дохилӣ посдору нигоҳбони волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла риояи Конститутсия ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд.

Таъсиси чунин муассиса барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти корҳои дохилии мамлакат, бахусус дар самти тарбияи кадрҳои муосир ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон рӯйдоди басе муҳим ба ҳисоб меравад».

Сарвари давлат ҳамзамон изҳор намуданд, ки «ҳамеша дар суханрониҳоям таъкид менамоям, ки солҳои охир сайёраи мо бо якчанд таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, мухолифату ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, шиддат гирифтани раванди мусаллаҳшавии бошитоб, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардидааст.

Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, тақвияти инфрасохтор ва заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимии ин соҳа ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намоем».

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва фаъолияти созмонҳои террористӣ хусусият ва миқёси ҷаҳонӣ касб кардаанд. Мубориза бо ин вабои аср на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи муҳимми ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад, зеро он на фақат ба давлат ва асосҳои конститутсионии он, балки ба рӯзгори ободу осуда, тарзи зиндагии ҳар шахс ва аҳли оилаи ӯ таҳдид мекунад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, «то замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат муассисаи таҳсилоти олии омодасозии мутахассисони баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ вуҷуд надошт. Мутахассисон асосан дар муассисаҳои таҳсилоти олии дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тайёр карда мешуданд. Дар Тоҷикистон танҳо як мактаби махсуси милитсия фаъолият мекард, ки мутахассисони дорои таҳсилоти миёнаи махсуси ҳуқуқӣ тайёр мекард».

Тавре медонем, ҳоло дар сохтору мақомоти корҳои дохилӣ 4 муассисаи таълимӣ – Академия, коллеҷи милитсия, коллеҷи оташнишониву техникӣ ва Маркази таълимӣ фаъолият менамояд.

Баъди ба даст овардани истиқлол дар таърихи фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон марҳалаи нав – давраи мустақилияти комил ва дар айни замон давраи озмоишу имтиҳони ҷиддии таъмини суботу оромии мамлакат, ҳимояи осудагии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тартиботи ҷамъиятӣ оғоз гардид.

Барои амалӣ намудани чунин вазифаҳо зарурат пеш омад, ки  тарбияи кадрҳои баландихтисос барои соҳа ҳарчи зудтар дар дохили ҷумҳурӣ ташкил ва низоми нави идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат ба роҳ шавад.

Бо мақсади ташкили раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси касбӣ бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон моҳи декабри соли 2000-ум Мактаби олии Вазорати корҳои дохилӣ ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ табдил дода шуд.

Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мамлакат ягона мактаби олии махсус аст, ки ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ машғул мебошад.

Тибқи ваколатҳои ба зиммаи ин муассисаи таълимӣ вогузоршуда он дар тайёр намудани ҳомиёни ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нақши асосӣ дошта, дастпарварони он дар аксар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти мамлакат адои хизмат менамоянд.

 

 Дар ҳама давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст. Кормандони милитсия дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро намуданд. Онҳо якҷоя бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо дар ҷашни Рӯзи милитсия фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони ин сохтор чунин изҳор дошта буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ ва муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад».

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хосса, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат бобати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бунёди иншооти замонавӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ин ба иҷрои вазифаи хизматӣ дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат менамояд.

9 ноябри соли 2022  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик, аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат доранд».

Гуфта шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъулияти басе душвор – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини оромиву осоиш ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткорро ба уҳда дошта, масъулияти худро бо сари баланд иҷро намуданд.

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд, ки ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва чораҷӯии роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад.

Милитсияи тоҷик давоми таърихи фаъолият барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори боварӣ ба ин мақомот таъкид намудаанд, ки «ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои дохилӣ ба давлату миллат ва сарзамини муқаддасамон итминони комил дорам».

Аз ин рӯ кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакатро зарур аст, ки бо такя ба боварии комили Президенти Тоҷикистон ба Ватан хизмати софдилонаю содиқона намуда, дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ маҳорату малакаи баланди касбӣ зоҳир намуда,  дар ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон бо интизоми намунавӣ натиҷаҳои баланди хизматӣ нишон диҳанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 10, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид