Дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия ҳамоиши илмӣ – маърифатӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш оид ба нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти ин санади олии ҳуқуқӣ ва нақши он дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таърихи қабул ва тағйиру иловаҳои ба он воридшуда маърӯзаҳо шунида шуданд.
Иброз гардид, ки маҳз бо заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қабули Конститутсия низоми қонунгузорӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид, ки ин падида дар маҷмӯъ зиндагии шоистаро барои ҳар сокини кишвар муҳайё намуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Конститутсия ҳамчун рамзи ваҳдат ва пояи суботи миллӣ, дар фаъолияти ҳар як сохтори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, нақши калидӣ дорад. Муқаррароти он барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи амният, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва адолати иҷтимоӣ заминаи қавӣ фароҳам меорад.
Таъкид шуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматии худ меъёрҳои Конститутсияро роҳнамои амал қарор дода, ба таҳкими ҳокимияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон саҳми арзанда гузоранд.
«Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи ташаккули низоми қонунгузорӣ, таҳкими ҳокимияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мебошад»,- иброз шуд дар ҳамоиш.
Гуфта шуд, ки омӯзиши амиқ ва риояи меъёрҳои конститутсионӣ ба кормандон имконият медиҳад, ки дар фаъолиятҳои хизматиашон адолатро риоя намуда, муносибати шаффоф ва масъулиятнок нисбат ба шаҳрвандон дошта бошанд. Инчунин таъкид гардид, ки донистан ва татбиқи Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ барои таҳкими эътимод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти бузург дорад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






