Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд

Ноябрь 5, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  5 ноябр дар шаҳри Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд.

Юсуф Раҳмон  аҳамияти  қарорҳои   ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки  10 октябри соли равон  дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, муҳим арзёбӣ намуд.

Дар нишаст котибони Шурои амният мушкилот ва таҳдидҳо ба амният дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва чораҳои эҳтимолии вокуниши муштаракро баррасӣ карданд.

Иброз гардид, ки ҷаласа ба таҳкими ҳамкорӣ дар муқобила бо мушкилот ва таҳдидҳои муосир, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории марзиву низомӣ равона шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

                         

 

Ноябрь 5, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд