Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Ноябрь 18, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 18.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 15+20  дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 18, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва мақоми омӯзгор пайваста дастуру супоришҳо дода мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 14 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид
Вобаста ба нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон конференсия доир шуд
Рӯзи Президент дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҷлил гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Маркази миллии патенту иттилоот ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
«Хирадмандон» дар озмуни ноҳиявии «Беҳтарин Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ» сазовори ҷои якум гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Агентии назорати маводи нашъаовар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Нақши Пешвои миллат дар ташаккули санъати тасвирии халқи тоҷик беназир аст
Таҷлили ҷашнҳои пурифтихор дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»