«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва омили рушди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурулло Қурбонализода ҳозиринро аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия таҳният гуфта, иброз намуд, ки аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург мебошад.
«Дар ин давраи начандон зиёди таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои баланди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид. Роҳи интихобкардаи Пешвои дурандешу заҳматпеша- эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи ин абармард дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад»,- иброз гардид зимни ҳамоиш.
Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии мамлакат тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.
30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия бар онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионӣ аст, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Имрӯз сокинони мамлакати мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯ ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар фарҷом барои болидахотирии сокинону меҳмонони пойтахт барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми Ватану истиқлол пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






