Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст

Ноябрь 5, 2024 14:26

ДУШАНБЕ, 05.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Русия, Амрико ва мамлакатҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст. Чунин иброз намудааст Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор Муҳриддин Низомӣ дар мақолааш вобаста ба нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.

-Шашуми ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлати соҳибистиқлоламон нақши сарнавиштсоз дорад. Дар ин рӯз сокинони мамлакат, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлол бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандӯстӣ ва бо такя ба арзишу муқаддасоти таърихию фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул карда, бо ин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-солагии қабули нахустин Конститутсия ин санади олии ҳуқуқиро «ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат» номида, онро ҳамчунин «маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи мамлакат» маънидод намуданд.

Сарвари давлат дар он рӯзҳои бисёр вазнину ҳассос дар сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ таҳия намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз ҷониби мардум пазируфта шудани онро «дастоварди бузурги миллӣ» номида, ба халқи Тоҷикистон ва ҳама аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти мураккабу ноороми мамлакат ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар ин раванди таърихӣ иштирок доштанд, изҳори сипос намуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳунарии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овард. Он заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва имкон дод, то Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавад ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсия аз 4 ноябри соли 2019 ин санади сарнавиштсозро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда, мардуми шарафманди мамлакатро ба муносибати санаи фархунда самимона шодбош гуфтанд.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми мамлакат мебошад.

Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Мутаассифона, эълони истиқлол дар ҷумҳурии мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад. Дар чунин шароит, ба таъкиди Президенти мамлакат, фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳунарии давлат шароити мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам орад.

Воқеан ҳам, бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию ҳунарӣ ва созандагию бунёдкорӣ раҳнамун сохт. Вале, бо таассуф, бояд иброз намуд, ки ҳанӯз ҳам шахсони алоҳида ва баъзе гурӯҳҳо аз мухолифатҳои ҳалокатбори оғози солҳои навадум хулоса набаровардаанд ва ё он фоҷиаҳоро аллакай фаромӯш кардаанд, ки ҳамон шайтонгарию дасисабозиашонро идома дода истодаанд. Онҳо ва хоҷагони дохилию хориҷиашон бояд нағз дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон дигар ба доми фиребу найранги бадхоҳони миллат намеафтанд ва таҳти роҳбарию роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам пешрафтаю шукуфо гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талош менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон махсус таъкид доштанд, ки «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».

Ҳамин тавр, бо иқдому ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳунарӣ ноил гардида, дар арсаи байналмилалӣ бо сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» -и худ ҷойгоҳи сазовор касб намуд. Ин сиёсат, ки сиёсати сулҳхоҳона ва беғараз мебошад, доираи шарикони хориҷии мамлакатро афзоиш бахшида, барои таъмини иштироки густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ҳамзамон муаррифии шоистаи дастовардҳои даврони истиқлол, бахусус фарҳанг ва санъати миллиамон заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳоло дар ҷаҳони пуртазоди муосир вазифаи ҳар фарди худогоҳи ҷомеа ҳифзу таҳким бахшидани маҷмуи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ мебошад, ки кулли ин музаффарият дар натиҷаи талошҳои судманду созандаи шахсияти тобноки таърихӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Зеро саодати миллӣ ва эътибори байналмилалии Тоҷикистони азиз дар шароити басе душвор ба даст омада, аз мо масъулият ва ҳифзу гиромидоштро талаб менамояд. Муҳимтарин рисолати ҷомеаи мамлакат татбиқи бошууронаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки иҷрои босалоҳияти чунин уҳдадорӣ яқинан моро ба фатҳи уфуқҳои нави рушди миллӣ хоҳад бурд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло мо бояд танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва тартиботи ҳуқуқӣ зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.

Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати
Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
доктори илмҳои филологӣ, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 5, 2024 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
«ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!». Андешаҳо дар ҳошияи Рӯзи Президент
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст