Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд

Ноябрь 6, 2024 13:45

ДУШАНБЕ, 06.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда буд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳамчунин Конститутсия бартарии санадҳои байналмилалиро ба қонунгузории миллӣ муқаррар кард. Бо такя ба ин муқаррарот ва меъёрҳои дигари барномавӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ амалӣ гардида, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис дода шуданд. Чунин ибрози назар намуд судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Даврон Назарзода бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

— Дар ҷумҳурӣ фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар асоси принсипҳои мутобиқат ба Конститутсия, қонуният, бартарияти меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ, афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар раванди амалигардонии сиёсати ҳуқуқии мамлакат барои  гузаронидани ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт, зеро мавҷудияти низоми мустақил ва беғарази судӣ яке аз шартҳои муҳими рушди демократия ва таҳкими афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Аз қабули Конститутсия то имрӯз барои таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, таҳкими нақшу мавқеи суд, такмили фаъолияти он ва баланд бардоштани нуфузи ин рукни ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеа дастгириву талошҳои Сарвари мамлакатамон беназир мебошад. Самараи тадбирҷӯиҳои давлату Ҳукумат аст, ки имрӯз ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатии дорои механизми дар амал татбиқ гардидани кафолатҳои Конститутсия мебошад.

Бо назардошти нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Барои такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Бобати таҳкиму рушди ҳокимияти судӣ Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 зарурати гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро махсус таъкид  намуданд. 23 июни соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид, ки он дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз — судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва  таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас дорад.

Дар идомаи он боз се Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд, ки бобати таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилот, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо корҳои назаррас ва барои ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судии мамлакат таъкид доштаанд, ки «фаъолияти судҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муҳимтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали нораво аст».

Мояи ифтихор аст, ки бо шарофати истиқлолият мустақилияти ҳокимияти судӣ дар ҷомеа торафт таҳким ёфта, суд вазифаи муҳими давлатиро дар самти риоя ва ҳифзи арзишҳои олӣ – инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо таъмин менамояд ва баробарии дигар шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ нигоҳ медорад.

Даврон НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 6, 2024 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ