Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Ноябрь 21, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки давоми шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани сел боқӣ мемонад.

Кумита тавсия медиҳад, ки сокинону меҳмонони мамлакат дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили обҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайру гашт ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва санг доранд, бе зарурат сафар накунанд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии  гиёҳҳо, ҳезум, шикор ва моҳидорӣ маслиҳат дода намешавад.

Ба сокинони наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ тавсия дода мешавад, ки ҳамеша аз хабару тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар бораи тағйирёбии вазъи ҳаво ва боридани барфу борон хабардор бошанд, зеро дар ин минтақаҳо хатар зиёд аст. Дар чунин рӯзҳо ҳаргиз кӯдаконро ба чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум равон накунанд. Сокинон каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро бояд сари вақт тоза намоянд.

Дар ин мавсими сол бояд ҳам ронандагон ва ҳам пиёдагардон эҳтиёткор бошанд. Ронандагон вақте дар чунин рӯзҳои боронӣ аз тариқи роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ сафар мекунанд ё аз ағбаҳо мегузаранд, бояд ҳамеша шароити ҳавои номусоидро ба инобат гиранд. Мошини худро барои ҳаракат дар чунин шароит омода созанд ва қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд.

Офатҳои табиӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон ба миллионҳо одамон ва иқтисоди давлатҳо хисороти зиёд меоранд, ки хавфи онҳоро тавассути тадбирҳои фаъол ва банақшагирӣ коҳиш додан мумкин аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии ҳолатҳои фавқулода тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Тавре сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Камолзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар нуҳмоҳаи соли 2024 дар Тоҷикистон аз шумораи умумии 603 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиии сабтшуда 48 ҳолати он ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ва аҳолӣ зарар расонид.

Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби кумита 115 машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби 28 295 нафар аҳолӣ ва беш аз 759 техника бо гузаронидани тамринҳои махсуси тактикӣ дар мавзеъҳои хавфноки минтақаҳои Тоҷикистон доир гардид. Зимни баргузории ин машқҳо дар мавзеъҳои хавфноки табиӣ корҳои фоиданок амалӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муносибатҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Барномаи қолабии Сендай оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 баён шудаанд, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро таҳия намудааст. Ҳадафи ин стратегия- паст намудани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 21, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд