МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибон истеъмоли анорро ба нафароне, ки гирифтори бемориҳои мавсимӣ, аз қабили зуком ва гулӯдард (ангина) мебошанд, бештар тавсия медиҳанд. Зеро дар таркиби ин мева витаминҳои А, С, Е, В1 ва В2 зиёд буда, ҳамчунин он аз оҳан, калий, калсий, кремний ва йод бой аст. Дар таркиби шарбати анор антиоксидантҳо мавҷуд ҳастанд, ки дар мубориза бо вирус ва бактерияҳо хеле пуртаъсир буда, барои зудтар барқарор шудани саломатии инсон ёрӣ мерасонанд.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, нафарони гирифтори бемории ангина ва ларингит бояд гулӯяшонро бо шарбати анор чайқонанд. Шарбати анор барои табобати пардаи луобии даҳон ва стоматит низ фоидабахш мебошад.
Ба иттилои табибон, агар ҳарорати бадани инсон баланд шавад ё ӯро талбарза фаро гирад, дарҳол як дона анорро ҷаббида, шарбати онро бояд истеъмол намояд. Шарбати тозаи анор ташнагиро шикаста, ба паст шудани таби мариз ёрӣ мерасонад. Фақат дар ёд дошта бошед, ки шарбати анорро бо оби гарм омехта кардан зарур аст, то кислотаи дар таркибаш мавҷуда эмали дандонҳоро вайрон накунад.
Ба тавсияи доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов, тамоми хусусияти шифоии анор ба таркиби кимиёвияш алоқаманд аст.
«Дар таркиби меваи анор витаминҳои ниҳоят муҳими зиддиоксидӣ мавҷуд мебошанд. Он меваи муҳими ҳам шифоӣ ва ҳам ғизоӣ ба ҳисоб меравад. Дар таркиби шарбати анор аминокислотаҳои гуногун мавҷуд ҳастанд, ки кори меъда ва рӯдаҳоро ба эътидол дароварда, узвҳои ҳозимаро беҳтар месозанд. Истеъмоли мунтазами афшураи анор ҳатто дар ҳаҷми хурд сатҳи гемоглобинро дар хун зиёд менамояд. Хусусияти антиоксидантии шарбати анор ҳолати умумии баданро беҳтар намуда, токсинҳоро пок ва системаи иммуниро мустаҳкам месозад. Шарбат барои пешгирии сармои мавсимӣ муфид аст», — мегӯяд ӯ.
Бояд гуфт, ки дар тиб на танҳо донаи анор, балки пӯсти онро низ васеъ истифода мебаранд. Гиппократ — падари тиб барои муолиҷаи дарди меъда, пӯст ва исҳол пӯсту шираи анорро истифода мебурд. Арабҳо ҳангоми ноҳинҷории узвҳои ҳозима анорро ба таври васеъ истифода мебурданд. Абумансури Муваффақ анори ширинро барои табобати дардҳои гулӯ, сина ва сулфа даво фармудааст. Ӯ гуфтааст, ки донааш аз ширааш ва пӯсташ аз ҳарду қабзовартар мебошад.
Ибни Сино анорро дар илоҷи сулфаю дарди хафакон, шираи тухмашро барои чашм даво гуфтааст. Яке аз олимони асри 15 Арман Амирсиян гуфтааст, ки шарбати анори турш қай, дилбеҳузурӣ ва ҳиккакро рафъ месозад.
Ҷаҳон Азонов мегӯяд, ки агар шираи анорро бо равған омехта намоем ва ба гӯш чаконем, дарди гӯшро барҳам медиҳад ва ҷароҳатҳоро табобат менамояд. «Анор хусусияти даббоғӣ дошта, барои пурқувват намудани қудрати ҷисмонии инсон ниҳоят фоидаи калон дорад. Дар тибби мардумӣ мева ва шираи анорро ба таври васеъ ба кор мебаранд. Онро ҳангоми бемориҳои узвҳои нафас, таби баланд, камхунӣ, сили шуш, исҳол ба таври васеъ истифода менамоянд. Ба беморони диабети қанд анори турш тавсия медиҳанд, зеро анори ширинро фармудан мумкин нест, чун таркиби он то 19 фоиз қанд дорад. Дар тибби мардумии араб донаҳои бирёнкардаи анорро барои муолиҷаи исҳоли хунин, сулфа ва обҷӯши пӯсташро барои рафъи исҳол мефармоянд», — афзуд табиб.
Бояд гуфт, ки дар тибби мардумӣ ва амалӣ анорро барои муолиҷаи кирмҳои паҳншакли шикам тавсия медиҳанд. Пӯсти мева ва шохаҳои дарахти анор хосияти зиддиилтиҳобӣ, даббоғӣ ва қобилӣ дорад. Дар тибби муосир шарбат ва шираи анорро ҳамчун маводи парҳезӣ барои афзудани иштиҳо ва ҳаҷми ғизо истифода мебаранд. Ба беморони мубталои бемориҳои дилу рагҳои хунгард, камхунӣ, норасоии витаминҳо барои беҳтар намудани саломатӣ истифодаи шарбат ё шираи анорро то 3 моҳ тавсия медиҳанд. Шарбати анор барои муолиҷаи бемории ғадуди зери меъда низ фоидаовар аст.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, бисёр занҳо гирифтори бемории камхунӣ ҳастанд. Дар таркиби меваҳои анор маводи оҳан бештар аст, аз ин лиҳоз ҳангоми камхунӣ онро бояд дар меъёри 0,5- стаканӣ ё якстаканӣ 3 маротиба дар як рӯз 30-40 дақиқа пеш аз истеъмоли ғизо истифода баранд. Як моҳ танаффус намуда, дубора такрор намоянд. Шарбат ва шираи анор барои муолиҷаи ҷигар, роҳҳои талхагузар, гурда, шуш, яъне судакбандии рагҳои хунгард фоида дорад. Дар таркиби анор магний ва калий мавҷуд аст, ки он ғизои дил аст.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
Соли равон дар вилояти Суғд таъмир ва сохтмони беш аз 100 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳ гирифторӣ ба бемориҳои шадиди рӯда зиёд шудааст
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Дар Душанбе оид ба риояи дурусти қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?






