МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лӯбиёро дар зарфҳои шишагин бояд захира намуд

Ноябрь 11, 2024 08:30

ДУШАНБЕ, 11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лӯбиёро дар зарфҳои шишагини ҳавоногузар захира намуда, дар ҷои сарду торик ва комилан хушк  бояд нигоҳ дошт. Инчунин ба  зарфи лӯбиёдошта барги халиҷ (лавровий лист) ҳамроҳ намудан зарур аст, зеро барои нест кардани патогенҳои замбӯруғӣ кумак мекунад. Дар таркиби барги халиҷ моддае ҳаст, ки зиёд шудани занбӯруғҳои патогениро пешгирӣ ва ба нобудшавии микробҳои патогенӣ мусоидат мекунад. Сирри нигаҳдории дарозмуддати ин намуди маҳсулот дар коркарди дуруст ва муҳайё намудани шароити махсуси он аст. Чунин тавсия медиҳанд олимони соҳаи кишоварзии мамлакат.

Ба назари мутахассисон, лӯбиёро то 10 сол нигоҳ доштан мумкин аст. Муҳаққиқони Донишгоҳи Бригама Янга муайян намудаанд, ки пас аз 30 сол намуди зоҳирии лӯбиёгиҳои хушкшуда тағйир меёбад, аммо ҳама намунаҳо дар ҳолати фавқулода қобили истифода мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки лӯбиё дар асл метавонад ҳадди ақалл то 30 сол нигоҳдорӣ шавад.

Ин маҳсулоти беназир дар Тоҷикистон васеъ истифода мешавад. Онҳо лазиз, серғизо ва бениҳоят муфид мебошанд. Дар таркиби лӯбиё нахҳо, витаминҳои А ва В, оҳан, калсий, углеводҳо ва тақрибан чоряки сафедаҳо (ва дар баъзе намудҳои он аз ин ҳам бештар) ҳастанд.

Лӯбиё зироати ғизоӣ ва шифобахш аст. Дони онро ба таом меандозанд ва дар саноати консерва истифода мебаранд. Аз баргаш ҷавҳари лимӯ ва чанд хел дору омода месозанд.

Бино ба маълумоти Абӯмансури Муваффақ, лӯбиё неруро меафзояд. Лӯбиёи сурх ҷанини фавтидаро аз бачадон хориҷ месозад ва хунравии баъд аз таваллудро бозмедорад. Абӯалии Сино лӯбиёро барои сина ва шуш муфид ҳисобидааст.

Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ, лӯбиё хосияти поксозӣ дошта, сангро ҳал мекунад ва дони он пешобро меронад. Лӯбиёи сафед дамишовар буда, дер ҳазм мешавад, сина ва шушро нарм ва ҷисмро фарбеҳ месозад.

Дар тибби халқӣ нақеъи ғилофак ё гули хушки лӯбиёро ҳангоми иллати гурда ва масона, бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, заъф ва илтиҳоби дил), барои муолиҷаи диабети қанд, тарбод ва ниқрис истифода мебаранд.

Ғизошиносон таоми лӯбиёдорро ба сифати ғизои нерубахши меъда тавсия медиҳанд. Истеъмоли лӯбиё боднок ва дерҳазм буда, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад, узвҳои даруни сина ва шушро мулоим мекунад, дар зани кӯдакдор шир пайдо менамояд, баданро фарбеҳ месозад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Агар лӯбиёро бо каме қанд биёшоманд, хунеро, ки аз занони навзоида меояд, пок мегардонад ва бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.

Табибони халқии олмонӣ ҷӯшоби ғилофак, поя ва пӯсти хушки дони лӯбиёро давои бемориҳои гурда, обхӯра, саръ ва диабети қанд меҳисобанд.

Ғизошиносон тавсия медиҳанд, ки пеш аз омода намудани таоми лӯбиёдошта аввал лӯбиёро дар об ба муддати 8 ё 12 соат нигоҳ доштан зарур аст. Сипас онро ду ё се маротиба бо оби тоза шуста, дар оташи паст мепазем.

Ҳар кадбону бояд донад, ки лӯбиёи таркардаро метавон ба муддати дароз дар яхдонҳо нигоҳ дошт ва истифода намуд. Зеро лӯбиёи намдор қобилияти аз як рӯз зиёд дар ҳарорати баланд истоданро надорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 11, 2024 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
Баёнияи муштараки вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим
ТАШКИЛИ КОНУНИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ ВА МАРКАЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ – ВАСИЛАИ ҲИМОЯИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста
Паёми Президенти Тоҷикистон стратегияи комили давлатӣ барои солҳои минбаъда мебошад
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-МАНИФЕСТИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Андешаҳо дар ин маврид
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ — МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XXI
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – саҳифаи нави рушди арзишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маърифатӣ
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»