МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои табобати бемориҳои гепатит, астма ва сил тавсия дода мешавад

Ноябрь 4, 2024 09:26

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Истеъмоли чормағз хотираро мустаҳкам ва миқдори холестеринро дар хун кам менамояд. Он аз микроэлементҳо бой буда, барои диабети қанд даво мебошад. Равғани чормағз балғамро ҷудо намуда, барои табобати бемориҳои гепатит, астма ва сил тавсия дода мешавад. Одамоне, ки саршавии бемории саратон доранд, бояд равғани онро истеъмол кунанд. Зеро он пайдоиши ҳуҷайраҳои бадсифатро пешгирӣ мекунад. Истеъмоли он дар мавсими сардӣ гурдаҳоро гарм нигоҳ медорад. Чунин тавсия медиҳанд мутахасисони соҳаи тиб.

Пас аз истеъмоли чормағз инсон муддати дароз эҳсоси серӣ мекунад. Триптофан яке аз таркиботи чормағз аст, ки барои хоби ором кумак мекунад. Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки дар таркиби он витамини В7 мавҷуд аст, ки барои рушди бештару беҳтари мӯй кумак мекунад. Аз ин рӯ истеъмоли чормағз барои пешгирии рехтани мӯйи сар муфид аст.

Косметологон мегӯянд, ки дар бештари маводи пешгирӣ аз ожанги рӯй равғани чормағз мавҷуд аст. Агар аз пир шудани пӯст ва пайдоиши ожанг дар даври чашмонатон хавотир ҳастед, истифодаи ҳаррӯзаи чормағзро фаромӯш накунед. Ҳамчунин омегаҳои таркиби он сабаби ҳифзи нозукӣ ва латофати пӯст мешаванд.

Чормағзҳои пухта расида ғизои комил ва доруи баландсифат ба шумор мераванд. Ғизонокии чормағз ду баробар аз нони гандуми дараҷаи аъло болотар аст. Онҳоро барои муолиҷаи дарди артерияҳо ва нарасидани витаминҳо дар бадан тавсия медиҳанд. Ҳуҷайраҳо ва равғани дар таркиби чормағз вуҷуддошта кори рӯдаҳоро зиёд мекунанд. Солҳои қабл равғани чормағзро барои бемории сил истифода мебурданд. Бо доштани қобилияти мубориза бо газакҳо равғани чормағз бомуваффақият барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳобии пӯст, луобҳо ва васеъшавии рагҳо истифода мешавад. Донишгоҳи таҳқиқотии Калифорния инро исбот намудааст, ки баъди истифодаи чорҳафтаинаи равғани чормағз холестерин дар хун ба муддати чанд моҳ кам мешавад. Ҳамчунин равғани чормағз барои харобшавӣ ва ҷавонкунии бадан истифода мешавад.

Бояд гуфт, ки на танҳо мағзи чормағз фоидаовар аст, балки пӯст ва барги онро низ дар соҳаи саноат васеъ истифода мебаранд. Дар пӯсти сабзи чормағз ва барги он моддае вуҷуд дорад, ки дар рангрезӣ ба кор меравад.

Чормағз дарахти мевадор, дарозумр, серҳосил ва калонҷусса буда, дар водиҳо ва баландкӯҳҳои Тоҷикистон хуб нашъунамо меёбад. Дарахти чормағз бисёрсола буда, баландиаш ба 35 метр мерасад.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 4, 2024 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд