НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид

Ноябрь 26, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 23 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Кафкӯбии пурмавҷтарини аҳли толор ва нидоҳои «аҳсан»«офарин» ҳангоми ба саҳнаи маросими ҷоизасупорӣ ворид шудани яке аз довталабони озмун садо доданд, ки иштироки ӯ дар ин озмун барои дигарон намунаи ибрат мебошад.

Иштирокчие, ки дар борааш сухан меравад, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и шаҳри Панҷакент Фараҳбахш Аҳмедзода мебошад. Ӯ бо вуҷуди нобино будан талаботи низомномаи озмунро риоя намуд, яъне дар озмун бо тайёрии ҷиддӣ сабқат карда, пирӯз гардид.

Фараҳбахш Аҳмедзода бо сабаби нобиноӣ  аз ҳамсолонаш ду сол дертар ба мактаб рафтааст.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, бо заҳмату талоши модар тавонист дар ин озмун иштирок намояд. «Тамоми низомномаро ҳамроҳи модарам аз бар намудам. Ӯ барои ман бадоҳатан қироат менамуд ва ман онҳоро аз бар менамудам», — гуфт Фараҳбахш.

Гарчанде ки солҳои қаблӣ дар озмун то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат нагирифт, вале руҳафтода нашуда, бо заҳмату талоши модар ва завқи беандозаи худ имсол пирӯз гардид.

Модари Фараҳбахш Гулноз Ҳақдодова иброз намуд, ки «асарҳои насриро низ худам ба духтарам мехондам ва ӯ дар ёд мегирифт. Натиҷаи ин ҳама заҳмаҳо буд, ки дар даври вилоятии озмун соҳиби ҷойи якум гардид. Баъдан бо талоши зиёд  то даври ҷумҳуриявӣ расида, орзуи худу падару модарашро бароварда гардонид. Ниҳоят, дар даври ниҳоии озмун соҳиби ҷойи сеюм гардид».

Ёдовар мешавем, ки озмун соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад ва ҳаводоронаш низ сол ба сол зиёд мешаванд.

Дар суҳбат бо мо модари Фараҳбахш бо изҳори миннатдорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» чунин гуфт: «Ман шоҳиди он гардидам, ки имрӯз толорҳои китобхонаҳо пур аз китобхонҳо шудааст, волидон низ барои ояндаи фарзандони худ ҷаҳду талош мекунанд, то онҳо хонанду дар зиндагӣ мақоми шоиста касб намоянд. Чунин ғамхориро дар ягон ҷойи дигар наметавон дид. Масалан, аз телевизион ахбори дунёро бисёр пайгирӣ мекунам, вале дар ягон давлати дунё надидаам, ки  шуморо барои мутолиаи зиёди китоб, ки пеш аз ҳама, барои худатон манфиат меорад, боз бо мукофоти пулӣ ва дигар имтиёзҳо барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ қадрдонӣ намоянд».

Модари Фараҳбахш иброз дошт, ки акнун ба ояндаи дурахшони духтараш бовар дорад, зеро дар дили ӯ шавқи хондану соҳиби дониш шудан бештар гардидааст. Фараҳбахш ният дорад, ки дар озмунҳои дигар низ иштирок намояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 26, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Лакнави Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшад
ТОҶИКОН ҶАҲОНРО ТАСХИР МЕНАМОЯНД! Барномаи «Дурахшандагон» ба ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон кумак мерасонад
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 22 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» ифтитоҳ ёфт
Барои таҳқиқоти илмӣ то 35 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муайян гардид
РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Давоми 7 соли охир дар Душанбе 22 кӯдакистон ба истифода дода шуд
Китобҳои дарсии синфҳои 8 ва 9 «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забони туркманӣ нашр шуданд
Дар ноҳияи Рашт оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба рушди соҳаи маориф вохӯрӣ доир шуд
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА БАРНОМАСОЗӢ». Довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи нав дониш меозмоянд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои 1280 хонанда сохта мешавад
Озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии насли наврас мақоми хосса дорад