Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» баргузор гардид, ки дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон баррасӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласа таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситод Усмоналӣ Усмонзода баргузор шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ — аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва роҳбарону масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ба тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии ҷараёни иҷрои қарор тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуд. Гурӯҳи корӣ иҷрои қарор ва омодагии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсати молия, ҷамъияти матлубот ва шабакаҳои барқиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш пешниҳод намуд.
Зимни ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳо ҳисобот манзур гардид. Дар ҷараёни ҷаласа оид ба камбудиву мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба маблағгузорӣ барои харид ва захиранамоии маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 супориш дода шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






