Оператори мобилии «Анор» толорҳои фирмавӣ кушода, рақамҳои «қиматбаҳо» ҳадя менамояд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Оператори мобилии аз ҳама ҷавони Тоҷикистон ду нуқтаи чаканаро дар Душанбе, Хуҷанд ва Конибодом ифтитоҳ намуд. Дар ҳарду толори нав ба даҳ меҳмони аввалин рақамҳои «тиллоӣ» туҳфа шуданд. Дигарон дар ин рӯз имкон доштанд, ки рақамҳои «қиматбаҳо»-ро бо 50 фоиз тахфиф ба даст оранд.
«Анор» толорҳои фирмавиро дар маконҳои барои мизоҷон муносиб ҷойгир менамояд. Дар Душанбе ин маркази савдою хизматрасонӣ ва дилхушии «Сиёма Молл», воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 8 мебошад. Дар Хуҷанд ин гуна толор дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 51, дар рӯ ба рӯи автовокзал кушода шудааст. Дар Конибодом дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 247, дар назди боғи марказӣ амал мекунад.
Дар толорҳои фирмавӣ муштариён имкон доранд, ки SIM-кортҳои воқеӣ ё eSIM-ҳои виртуалӣ бихаранд, тавозуни худро пур кунанд ё смартфони худро танзим намоянд. Мушовирон дар интихоби тарофа дар асоси хоҳишу талаботи муштариён кумак намуда, доир ба пешниҳодҳои муфид маълумот медиҳанд. Масалан, ҳангоми пайвасткунии тарофаи «Диёр 55» ҳоло яке аз рақамҳои «қиматбаҳо»-ро, ки арзишаш 250 ё 500 сомониро ташкил медиҳад, метавон ройгон ба даст овард.
Дар айни замон дар 38 нуқтаи аҳолинишини Тоҷикистон зиёда аз 100 толори фирмавии «Анор» амал мекунад. Оператор кӯшиш менамояд, ки ба муштариён ҳарчи наздиктар бошад ва бо ҳамин сабаб шабакаи толорҳои фирмавиро васеъ менамояд.
Хабарҳои ширкати «Анор»-ро дар сомона ва саҳифаҳои расмии шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед.
АКС: Оператори мобилии «Анор»








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






