ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Миҷгона Бобоҷонзода иброз намуд, ки «парчам рамзи бахту саодат, сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Парчами давлатии Тоҷикистон аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлат арҷ мегузоранд».
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзанда дошта, ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хос дорад.
Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери парчам кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи муҳими тарбияи насли наврас дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватану касби хеш ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.
Парчами давлатӣ чун рамзи муқаддаси миллӣ моро ҳамеша ба сӯи ягонагию ваҳдат, сулҳу субот ва расидан ба дастовардҳои нав роҳнамоӣ мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






