Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд

Ноябрь 18, 2024 12:55

ДУШАНБЕ, 18.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои бунёдӣ дар ин иншооти варзишӣ моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, дар майдони 7 гектар дар муҳлати бештар аз 1 сол бо ҷалби қариб 30 нафар бинокорони маҳҳалӣ мутобиқи талаботи замони имрӯза ба итмом расидааст.

Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ, либосивазкунӣ ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад.

Ҳамзамон дар ин макон мураббиён метавонанд дарсҳои назариявӣ гузаранд. Насби нурафканҳо дар варзишгоҳ имкон медиҳад, ки шомгоҳон низ мусобиқа ва тамринҳо бемамониат доир карда шаванд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки варзишгарони ноҳия дар ҷавоб ба ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар имкониятҳои муҳайёшударо самаранок истифода бурда, дар самти варзиш ба дастовардҳои назаррас даст ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки махсусан варзиши футбол дар ноҳия дӯстдорони зиёд дошта, тиме, ки дар лигаи дуюми кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, дастаи футболи бонувони ноҳия мебошад.

Ҳамасола наврасону ҷавонони ноҳия дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Баробари мавриди истифода қарор гирифтани нахустин муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар деҳоти Исфисор 8 мураббӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм хоҳанд гузошт.

Лозим ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш, дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд. Аз ҷумла, ин муассисаи варзишӣ намунаи беҳтарини онҳо мебошад.

Боздид аз варзишгоҳ бо 7 ҳазор ҷойи нишаст баъд аз таъмиру навсозӣ ва ташкили мактаби футбол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18.11.2024

Ноябрь 18, 2024 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад