Президенти Ҷумҳурии Корея бо ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дар мулоқоти муштараки роҳбарони ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот бо таъкиди ҳавасмандӣ ба муҳиммияти тавсеаи минбаъда ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Кореяро матраҳ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Сеул нишасти 17-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон ва Осиёи Марказӣ»-и Бундестаги Олмон иштирок кард
Дар Бейрут дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Лубнон баррасӣ шуданд
Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳии Лубнон мулоқот намуд
Дар Кувайт бахшида ба ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо Раиси раёсати ширкати «Agricore Group MMC» мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Полша густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Қоҳир Расулзода бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алихонов мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Лубнон мулоқот намуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ мулоқот намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж консерти ҳунармандони Тоҷикистон баргузор гардид






