Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро арз менамоям.
Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстона ва шарикии гуногунҷанбаи судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико диди нек дорем.
Рушду тавсеаи пайгиронаи онҳоро дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии давлати худ медонем. Ҳамеша омодаем, ки ҷиҳати пешбурди ҳамкории судманд муколамаи самарабахши байнидавлатии кишварҳоямонро дар сатҳҳои мухталиф идома бахшем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо тансиҳативу саодатмандӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сулҳу суботи пойдор ва шукуфоии бардавом хоҳонам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






