Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Молдова Майя Санду барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /НИАТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Молдова муҳтарам Майя Санду барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Молдова сидқан табрику муборакбод мегӯям.
Ба Шумо саломатии бардавому саодатмандӣ ва дар идомаи фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Молдова сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.
Тайи давраи соҳибистиқлолӣ кишварҳои мо бар асоси усулҳои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамдигарӣ робитаҳои ҳамкории созанда дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак ба роҳ монда, пеш мебаранд.
Бовар дорам, ки ду ҷониб бо такя ба ин анъанаҳои нек ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатии худ минбаъд ҳам саъю кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод. Омодагии инҷонибро барои иқдомҳои якҷоя дар ин ҷода иброз менамоям».








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






