Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро заминаи мусоид барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳои дигар маънӣ доданд.
Иштироки доираҳои молиявӣ ва сармоягузории Кувайт дар татбиқи Лоиҳаҳо дар бахшҳои воқеии иқтисоди мо, аз ҷумла саноати сабук, коркарди маъдан ва маҳсулоти кишоварзӣ самти ояндадори ҳамкории ду кишвар номида шуд.
Ҳар ду ҷониб алоқаманди ба роҳ мондани робитаҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ шуда, имзои Ёддошти тафоҳум оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусиро санади муҳими ҳамкорӣ дар ин соҳа маънӣ доданд.
Баргузории Конфронси байналмилалӣ — марҳилаи кувайтии “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” иқдоми муҳим дар самти таъмини амну субот арзёбӣ гардид.
Дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони мосир ҳамчунин тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт зарур шумурда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд






