Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд

Ноябрь 22, 2024 12:36

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар ҳошияи чорабиниҳои нақшавии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин ҳамкории байнипарламентии ду давлатро баррасӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки робитаҳои дӯстона, ҳамкории созанда ва эътимодбахши дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон  афзалияти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ин зимн, рушди бемайлони ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва тамоили афзоиши устувори нишондиҳандаҳои гардиши мол байни давлатҳо натиҷаи неки талошҳои ду ҷониб арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 22, 2024 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид