РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Ноябрь 22, 2024 13:54

ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Таърихи башар, бархурди  тамаддунҳо ва низоъҳои сиёсӣ дар ҳама давру замон барои шинохти миллату давлат ва ифодаи марому ҳадафҳояшон инсонҳоро водор кардаанд, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотира ва фарҳангу тамаддуни хеш аломат ё рамзҳои гуногун эҷод карда, истифода баранд. Ба маънои дигар, рамзҳои давлатӣ лавҳаи мухтасари бозгӯкунандаи  таърихи давлату миллат, ҳамзамон ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси халқу миллатҳо дониста шудаанд. Чунин изҳори андеша намудааст ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар робита ба арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон.

— Пайдоиши парчам ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва истиқлолу озодии миллат дар таърихи тамаддуни башар ба қаъри асрҳо рафта, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то имрӯз ба мо расидаанд, нишони ин мебошанд.

Чандин кишварҳо иддао доранд, ки қадимтарин парчам моли онҳо аст ва парчамҳои онҳо дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ҳамчун парчамҳои куҳантарин ва доимо истифодашаванда сабт шудаанд.

Тибқи иттилоъ, ба даҳгонаи чунин парчамҳо парчами Дания, Австрия, Латвия, Албания, Швейтсария, Шветсия, Нидерланд, Русия, Испания ва Ҷопон дохил мешаванд, ки дар асрҳои 13-19 ҳамчун рамзи давлатӣ қабул шудаанд.

Бояд гуфт, ки мувофиқи сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ, нахустин парчамҳо дар Эрон, Чин ва Мисри қадим пайдо гардидаанд.

Масалан, дар заминаи ҳафриёт бостоншиносон дар шарқи Эрон парчами хурди филизие пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд.

Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулуи Офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башар ҳисобида мешавад.

Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш он ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза бар зидди душманон дар ҳар шакл истифода мешуд.

Он замон парчамҳо аксаран на аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда, балки дар шакли ашёи гуногун мавҷуд буда, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекарданд.

Ишораи куҳантарин дар бораи истифода ва корбурди парчами давлатдории тоҷикон бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» дар «Авесто» омадааст, ки онро шоҳони давр дар сафарҳои ҳарбӣ ва муборизаҳо ҳамеша дар пешгоҳи сипоҳашон мебурданд.

Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, зиёда аз як сол ҳамчун давлати нави соҳибистиқлол парчам надошт. Албатта, оғози муноқишаҳои дохилӣ барои қабули ин рамзи муқаддаси миллӣ монеа эҷод мекард.

Танҳо 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 169 ва 170 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни 200 лоиҳа, ки дар асоси озмун эълон шуда буд, Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардиданд.

Парчами нави давлатӣ  на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки ифодагар ва даъваткунанда ба сулҳ, ваҳдат, ягонагию муттаҳидӣ, таҷассуми хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ ва даъват ба эъмори мамлакати наву озоду босубот буд.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ нахустин шуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтироми хос ба Парчами нави давлатӣ дар назди он сари таъзим фуруд оварда, ин рамзи муқаддаси миллиро ба рӯи хеш молида, бӯса намуданд.

Баъдан Сарвари давлат тамоми гурӯҳҳои мухолифро  даъват намуданд, ки ба ҳам оянд, мардонавор дар назди парчами давлатӣ қасам хӯрда, онро бибӯсанд, якдигарбахшӣ кунанд ва ваъда диҳанд, ки силоҳҳояшонро ба замин мегузоранд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ба мамлакат сулҳу оромӣ ва ба сокинони он осоиштагӣ меоранд.

Дар иртибот ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд 3 нуктаи муҳимро иброз намуд:

— якум, қабули ин рамзи муқаддаси миллӣ тавонист тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад;

— дуюм, барои устувории пояҳои давлатдории навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад;

— сеюм, ба зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи тоза ва нав бахшад.

Албатта, ташаббускориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз на танҳо хурду бузурги мамлакат, балки аҳли ҷаҳон дарк намудаанд.

Имрӯз ҳар фарди бономуси мамлакат бояд аз он ифтихор дошта бошад, ки бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон баробар бо парчамҳои дигар давлатҳо ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол ва вориди китоби «Рекордҳои Гиннес» шуда, дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи дунё парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик паём мерасонад.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб фармудааст:

Ҳафт ахтар, ҳафт бурҷи роҳи нур,
Раҳкушои олами бахту сурур.
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

АКС аз манбаъҳои боз/бойгонии муаллиф

Ноябрь 22, 2024 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд