САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд

Ноябрь 15, 2024 16:24

ДУШАНБЕ, 15.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 ноябр дар майдони «Ғалаба»-и ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 100 сарбози қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбӣ ёд намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими савгандёдкунии наваскарон иброз гардид, ки 90 фоизи ҳайати қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки донишгоҳро хатм намуда, дар сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд ва барои идомаи фаъолият ба ин кумита муроҷиат намудаанд.

Аскарон давоми беш аз як моҳи хизмати аскарӣ меъёрҳои оинномавӣ ва дигар уҳдадориҳои ҳарбиро аз худ карда, барои ёд намудани Савганди ҳарбӣ омода шуданд. Аскарон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд ва ҳамчун сарбозони комилҳуқуқи Артиши миллӣ тамоми вазифаву уҳдадориҳои ҳарбиву хизматиро мустақилона иҷро менамоянд, зеро то аскар Савганди ҳарбӣ ёд накунад, наметавонад уҳдадориҳои ҳарбиро иҷро кунад.

Иброз шуд, ки қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои  ҷудонашавандаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаи асосии онҳо бурдани корҳои бартарафсозӣ ҳангоми рух додани офатҳои табиӣ мебошад.


Сокини ноҳияи Кушониён Муҳаммад Фатҳуллозода, ки фарзандаш Фазлиддин Фатҳуллозодаро ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон равон намудааст, дар суҳбат ба мо иброз дошт, ки фарзанди ӯ пас аз хатми донишгоҳ ба хизмат ҷалб гардида, имрӯзҳо қарзи фарзандии худро дар назди Ватан иҷро менамояд.

«Ман мехоҳам, ки ҳама ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, сарбаландона ба назди падару модар ва наздикон баргарданд»,- гуфт Фазлиддин Фатҳуллозода.

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ, собиқадори соҳаи маориф Эгамбердӣ Камонбердиев, ки дар савгандёдкунии яке аз набераҳояш иштирок дошт,  иброз намуд, ки ҳар ҷавон бояд ҳимояи марзу буми Ватанро орзу намояд, зеро бо ҳифзи он миллионҳо нафар одамон орому осуда зиндагӣ менамоянд.

«Дар раванди авҷ гирифтани хатарҳои глобалӣ, густариши ҷинояткории фаромиллӣ ҷавононро мебояд дар таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва суботу оромии Тоҷикистон ҳамеша қадамҳои устувор гузошта, савганди садоқати ба Ватан ёд намудаи худро гиромӣ доранд. Савганди ҳарбӣ ҳар сарбозро водор мекунад, ки давоми хизмати ҳарбӣ бо номуси фарзандӣ ва ғурури ҷавонмардона вазифаи конститутсиониашро сарбаландона адо намояд»,- баён дошт собиқадори соҳаи маориф.

Сарбоз Шарифҷон Зиёев иброз дошт, ки «мо, сарбозон бояд шукрона аз он намоем, ки дар чунин ватани соҳибистиқлол зиндагӣ мекунем. Ҳамаи ин саодату шарофат аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Мо, сарбозони мамлакат бояд Ватани худро ҳифз ва ҳимоя намоем, зеро онро ба ҷуз мо ҳеҷ кас ҳимоя ва ҳифз намекунад».

Пардару модарон ва наваскарон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро муҳимтарин мактаб дар ҳаёти ҷавонон ва дарси садоқату вафодорӣ арзёбӣ намуданд. Чун самти асосии таъйиноти ин воҳиди низомӣ пеш бурдани амалиёти муҳиму масъулиятнок аст, аз ин лиҳоз ҳайати шахсии он ҳамеша пайи такмили донишу таҷриба ва малакаи касбӣ мебошад.

Дар охири ҷамъомад гузашти низомии афсарону сарбозон, аз ҷумла наваскарон, ки дар ин мактаби мардонагӣ таълиму таҷрибаи ҳарбӣ мегиранд, баргузор шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2024 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд