Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд

Ноябрь 20, 2024 11:37

ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар шаҳри Душанбе Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, ҳадафи асосии шуро аз мусоидат ба рушди соҳибкории занону ҷавондухтарони ноҳия, ҳифзи ҳуқуқу манфиат ва дастгирии занон барои рушди маҳорату малакаи касбии онҳо, ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба фаъолияти соҳибкорӣ тавассути баргузории шуроҳо, ҳамоишҳо, машваратҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатӣ иборат буд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки дар мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» амал менамояд. Ҳадафи ин барнома мусоидат ба дастгирии рушди соҳибкории занон, беҳтар намудани вазъи соҳибкорӣ барои занон, ҷалби сармоя барои густариши фаъолияти соҳибкории занон, зиёд намудани шумораи занони соҳибкор, фароҳам овардани шароит ва имконияти мусоид барои рушди соҳибкории занон ва баланд бардоштани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад.

Дар шуро масъалаи рушди соҳибкории занон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Соҳибкорзанони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ, нонпазиву қаннодӣ, сайёҳӣ ва сохтмон фаъолияти пурсамар намуда, на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ, инчунин дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм мегузоранд.

Тавре маълум аст, занони боистеъдод ба ҳайси роҳбарони корхонаҳои хурду бузург, муассисаҳои молиявию бонкӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳбарони ассотсиатсия ва ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2024 теъдоди занону соҳибкорон дар ҷумҳурӣ ба 107 ҳазору 753 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   18 ҳазору 199 нафар зиёд мебошад.

Шумораи соҳибкорони инфиродӣ аз ҳисоби занон 109 ҳазору 129 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 9 моҳи соли 2023   23 ҳазору 244 нафар зиёд аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба масъалаи таҳкими мақоми занон  дар ҷомеа пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, зеро ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва тадбирҳои амалӣ дар ин самт аз ҷумлаи иқдоми муҳим барои боло бурдани манзалати зан дар ҷомеа мебошад.

Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 грантҳои президентӣ таъсис дода шудаанд, ки ин таҷрибаи муҳим барои дастгирии занон аст.

Инчунин аз соли 2016 то соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ ба 560 нафар занони мамлакат дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ ва аз соли 2020 то соли 2023 ба 320 нафар занон дар ҳаҷми 9 миллион сомонӣ маблағҳои бебозгашт бо мақсади таъмини занон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардиданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, аз соли 2016 то соли 2023 зиёда аз 4 ҳазору 619 нафар занон бо касб ва ҷойи нави кор таъмин шуданд.

Барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занон соли 2022 маблағҳои грантӣ аз 2 миллион сомонӣ ба 2,5 миллион ва соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағҳои грантӣ аз 2,5 миллион сомонӣ ба 5 миллион сомонӣ ва теъдоди лоиҳаҳо аз 80 ба 120 адад расонида шуд.

Имсол дар ҷумҳурӣ лоиҳаи 120 зани соҳибкор дастгирӣ ёфт.

Лоиҳаҳои пешниҳодгардида ба самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сабадбофӣ, кашидадӯзӣ, дӯзандагӣ, чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, доирасозӣ, кашфдӯзӣ, парвариши чорво, парандапаварӣ, моҳипарварӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ равона гардидаанд.

Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкории занон ва давра ба давра фароҳам гардидани имконияти фарохтар барои ривоҷ додани ин амали барои иқтисоди миллӣ муҳим ва таъсиси ҷойи нави кор, инчунин ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занони хонанишин мусоидат менамоянд.

Фаъолияти занони соҳибкор бозгӯи он аст, ки бо истифода аз маблағҳои грантӣ занони соҳибкор тавонистанд дар ташкили ҷойи нави кор ва ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони бешуғл саҳми муносиб гузоранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 20, 2024 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Президенти Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН». Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
Дар Душанбе барои таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд
Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
«ДУШАНБЕ-ОЯНДАИ ҲУШМАНД ВА УСТУВОР». Таҳти чунин унвон имрӯз Форуми миллӣ оид ба Шарҳи ихтиëрии маҳаллӣ доир шуд
Валентина Матвиенко: «Дар муддати дуюним сол Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгорон ботантана таҷлил гардид
Иҷлосияи нуздаҳуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид