Сорбон Латипов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо гардид
ДУШАНБЕ,11.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Сорбон Латипов дар вазни 64 кг дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Остона соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Сорбон Латипов дар даври якуми мусобиқа намояндаи Украина Дмютро Йевдошенкоро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар даври дуюм аз Сардор Олимҷонови узбек шикаст хӯрда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Сорбон Латипов бар Шаҳром Меҳрабони афғон ва Уулу Кубанючи қирғиз ғалаба карда, дар мубориза барои медали биринҷӣ Ниёзмурот Бабекови туркманро шикаст дод ва якумин медали Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо -2024 дар шаҳри Остона соҳиб шуд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо аз 8 то 10 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 варзишгари шинохта: Акмалиддин Каримов дар вазни 58 кг, Сорбон Латипов дар вазни 64 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни 71 кг, Деваштич Убайдӣ дар вазни 79 кг, Зафар Олимшоев дар вазни 88 кг аз риштаи самбои варзишӣ ва Масъул Қуқаншоев дар вазни 58 кг, Худоёр Раҷабзода дар вазни 71 кг, Холид Толибзода дар вазни 88 кг ва Саймуҳаммад Исматов дар вазни 98 кг аз риштаи самбои размӣ иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд варзишгарон барои 31 маҷмуи медалҳо байни ҳам мубориза бурданд. Ғолибон ба ҷуз аз медалҳо ҷоизаҳои пулӣ низ гирифтанд. Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 311 000 доллари амрикоиро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз Тоҷикистон се нафар: Беҳрӯз Хоҷазода соли 2017 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия, Хушқадам Хусравов соли 2018 дар шаҳри Бухарести Руминия ва Акмалиддин Каримов соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон чемпиони ҷаҳон аз намуди самбо гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд






