Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда

Ноябрь 19, 2024 09:44

ДУШАНБЕ, 19.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки мошини худро дар ҳар макони барояшон муносиб ба тариқи замимаи мобилии «МегаФон Life» суғурта намоянд. Зиёда аз ин, бо иштирок дар иқдоми «Мошинро бо фоида суғурта намо» истифодабарандагон 10 фоиз маблағи сарфкардаро (кэшбэк) ба даст меоранд. Иқдом то 31 декабри соли 2024 идома меёбад.

МегаФон Тоҷикистон ҳоло ягона операторе мебошад, ки суғуртаи мошинҳоро тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life» пешниҳод менамояд. Онро ҳамаи хоҳишмандон метавонанд боргирӣ намоянд, хизматрасонӣ ба муштариёни ҳамаи телеком-хизматрасониҳои ҷумҳурӣ дастрас аст. Барои барасмиятдарории суғуртаи автомобилӣ дар замима зарур меояд, ки ба қисми «Ҳамён» ворид шуда, «Суғурта» – «КАСКО» – «Гирифтани суғурта» ва баъдан яке аз вариантҳои дастраси хизматрасониро интихоб намоед.

Ҳангоми барасмиятдарорӣ дар реҷаи онлайн «Масъулияти шаҳрвандӣ» 70 сомонӣ дар як моҳ арзиш дорад, пардохти солона муфидтар буда, 700 сомониро дар як сол ташкил медиҳад. Бо варианти «Суғурта аз ҳодисаҳои нохуши автомобилӣ» низ вазъ чунин аст: он ба 100 сомонӣ дар як моҳ ё 1000 сомонӣ дар як сол баробар аст. Бастаи иборат аз ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳам ҳодисаҳои нохуши автомобилӣ 170 сомонӣ дар як моҳ ва дар як сол 1 700 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми интихоби вариантҳое, ки суғуртаро аз ҳодисаҳои нохуши автомобӣ дар бар мегиранд, истифодабарандаи замимаро зарур меояд, ки баъди воридкунии маблағ аксҳои мошинро аз чор тараф дохил намуда, ҳуҷҷат (шаҳодатномаи) воситаи нақлиётро пешниҳод намояд. Бе аксҳо полис эътибор надорад. Муқоисаи маълумот ва барасмиятдарорӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ якчанд шабонарӯзро дар бар мегирад, полис дар рӯзи чорум баъди пардохти ҳаққи хизматрасонӣ мавриди амал қарор мегирад.

То охири сол ҳангоми барасмиятдарории суғуртаи автомобилӣ истифодабарандагони «МегаФон Life»-ро туҳфаи хеле гуворо дар шакли 10 фоиз ба даст овардани маблағи сарфкарда (кэшбэк) интизор аст. Маблағ ба ҳисоби «Ҳамён» якбора пас аз пардохт бармегардад ва дар қисми «Кэшбэк» инъикос меёбад. Ба ғайр аз ин ба муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар доираи барномаи «Раҳмат» холҳо дода мешаванд – онҳоро сипас метавон ба бастаҳои хизматрасониҳои алоқа иваз намуд.

Ҳангоми пардохти полиси солона ба ғайр аз ба даст овардани маблағи сарфкарда (кэшбэк) истифодабаранда проморамзро барои нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории «Газпромнефт» ба даст меорад. Бо фаъолкунии проморамз дар замимаи «Газпромнефт» гирифтани купон бо 150, 250 ё 350 хол барои пардохти маблағи сӯзишворӣ имконпазир аст. Як хол ба 1 сомонӣ баробар мебошад. Намуди купон аз арзиши полиси солонаи суғуртаи автомобилӣ вобаста мебошад. 150 хол барои баста бо нархи 700 сомонӣ, 350 – бо нархи 1 000 сомонӣ ва 350 хол – барои полис бо нархи 1 700 сомонӣ дода мешавад.

Иқдоми «Мошинро бо фоида ҳифз намо» якҷоя бо ташкилоти суғуртавии «BIMA Insurance» гузаронида мешавад. Суғуртаи муфиди автомобилиро бевосита тариқи смартфон дар ҳар ҷое, ки интернет дар он фаъол аст, ба расмият дароред!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Ноябрь 19, 2024 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад