ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони «Парчам–рамзи давлат ва Истиқлоли миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки «Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
Рамзҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ дорад. Дар онҳо, агар аз як тараф, гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ иброз намуданд, ки «мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи одӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».
Таъкид гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзую омоли худ медонанд, зеро парафшонии парчам барои дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа, бахусус насли ҷавон нақши бориз дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






