ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 15, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1972 агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» мавриди истифода қарор дода шуд.

***

15 ноябри соли 1946 матн ва оҳанги Суруди миллии қаблии Тоҷикистон (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) тасдиқ гардид.

***

19 сол пеш, 15 ноябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ба Ҷумҳурии Тунис сафар намуданд.

***

15 ноябри соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки варзишгари тоҷик Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо  дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.

***

Соли 2018 дар Душанбе нахустин машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Италия доир гардиданд.

***

15 ноябри соли 2019 хонандагони навраси вилояти Суғд дар озмуни ​ ҷаҳонии «Робототехника» иштирок намуда, дар  бахши «Стратегия» ба гирифтани мақоми дуюм сазовор гардиданд.

***

15 ноябри соли 2022 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи дӯзандагии «Маҳина»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дигар шарикони рушд дар мавзуи «Мушкилоти ҳифзи пиряхҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим ҳолат, омӯзиш, ташаббусҳои ҷаҳонӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор намуд.

15 НОЯБР:

Рӯзи умумирусиягии даъватшавандагон.

***

Дар Бразилия- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи асъори миллӣ.

 ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Холаҳмад Маҷидов-соли 1948– сархормейcтери Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1997).

Ноябрь 15, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, якшанбе, 243-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, шанбе, 242-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, ҷумъа, 241-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, панҷшанбе, 240-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст