ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст

Ноябрь 26, 2024 08:00

26 ноябри соли 2008 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар доираи баргузории ҳафтаи Аврупо дар  Тоҷикистон дар мавзуи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва афзалияти он дар Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.

***

26 ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ шуд.

***

26 ноябри соли 2014  дар шаҳри Душанбе  пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури сарони ду давлат байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расид.

***

26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Чехия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматноки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ муҳокима гардид.

***

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон доир шуд.

***

26 ноябри соли 2020 дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон, генерал Надим Разаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

26 ноябри соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кори ҷаласаи панҷоҳусеюми Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок намуданд.

***

26 ноябри соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аз ҷараёни рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса давоми 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштараки минбаъдаро барои  татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои байни ду давлат дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ дар Париж соли 2021 бадастомада таъкид намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе «Фестивали намоиш-фурӯши картошка ва тайёр намудани хӯрокҳо аз он» баргузор гардид, ки дар он 400 тонна картошка барои фурӯш ба сокинон пешниҳод гардид.

26 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии иттилоот.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Тағоймурод Розиқов -соли 1946 — коргардон, ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).

Ноябрь 26, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст